Пайвандҳои дастрасӣ

Далелҳои куштори дастаҷамъӣ дар Украина


Асирони ҷангии Украина

Ин созмон, ки марказаш дар Лондон аст, 9 апрел гуфт, наворҳое дорад, ки се сарбози ҳукуматӣ дар асорат нишастаанд ва сипас дар ин наворҳо дида мешавад, ки ҷасадҳои ин се сарбоз дар сардхона бо осори зарби тир дар сару баданашон гузошта шудаанд.

Дар гузориш ҳамчунин аз номи шоҳидони айнӣ оварда шудааст, ки як сарбози дигарро фармондеҳи ҷудоихоҳон ҳадафи тир қарор додааст.

Денис Кривошеев-муовини раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Афви Байналмиллал гуфт, шиканҷа, азияту озор, куштори асирон ё сарбозони захмӣ ҷинояти ҷангӣ шуморида мешавад.

Вай меафзояд, ба ин гуна “рафторҳо бояд хеле зуд, ҳамаҷониба ва одилона расидагӣ сурат бигирад ва ҷинояткорон аз тарафи мақомоти интизомӣ ба ҷазои аъмол кашонда шаванд.

Дар муноқишаҳои миёни нируҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Укураина дар давоми як соли гузашта бештар аз 6 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG