Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як сарбози НАТО аз тири низомии афғон


Паймони НАТО дар бораи ҳалокати як сарбозаш дар тирандозӣ миёни низомиёни афғон ва нерӯҳои НАТО рӯзи 8 апрел дар вилояти Нангарҳор хабар дод.

Дар изҳороти Паймон дар бораи ҳуввияти сарбози кушташуда иттилоъ нест, аммо полиси Нангарҳор хабар дод, ки дар низоъ сарбозони амрикоӣ ширкат доштанд. Ба гуфтаи раиси полиси Нангарҳор Фозил Аҳмад Шерзод, як сарбози афғон сӯи амрикоиҳо оташ кушод, аммо дар оташи ҷавобӣ худ кушта шуд ва ду сарбози афғони дигар ҷароҳат бардоштанд. Ӯ афзуд,0 тирандозӣ баъд аз мулоқоти волии Нангарҳор бо як корманди сафорати Амрико дар қароргоҳи волӣ дар шаҳри Ҷалолобод ба вуқӯъ пайваст.

Моҳи январ дар ҳамин гуна мулоқот як сарбози афғон се амрикоиро ҳадафи тир қарор дода буд.

XS
SM
MD
LG