Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи 8 апрел, ба хотири музокирот бо мақомоти Покистон вориди Исломобод мешавад. Қарор аст, ки дар ин гуфтушунидҳо дархости Арабистони Саъудӣ аз Покистон барои кӯмаки низомӣ ба Эътилофи зидди шибҳанизомиёни ҳусӣ дар Яман ҳам баррасӣ шавад.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи сешанбе изҳор намуд, ки бояд Теҳрон ба гуфтушунидҳо оид ба хатми низоъ дар Яман ҷалб карда шавад. Изҳороти ӯ дар ҳоле пахш шуд, ки парлумони Покистон мавзӯъи ҳамроҳ шудан ё нашудани кишвар ба Эътилофи зидди ҳусиҳо дар Яманро баррасӣ мекунад.

Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ ба мавқеъҳои ҳусиҳо аз фазо зарба зада, нерӯҳои ҳукуматии содиқ ба раисиҷумҳури барканоршудаи Яман Абдраббу Мансур Ҳодиро бо силоҳ таъмин мекунад. Шиҳбанизомиёни шиамазҳаби ҳусӣ бахши бузурги қаламрави Яман, аз ҷумла, пойтахт – шаҳри Санъо ва шаҳри бандарии Аданро ишғол кардаанд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф аз ин пеш ба ҳалли қазияи Яман аз тариқи музокирот шубҳа карда буд.

Кишварҳои арабӣ Теҳронро дар он айбдор мекунанд, ки низоъ дар Яманро барои густариши нуфузаш дар минтақа истифода мебарад ва аз ҳусиҳои шиамазҳаб пуштибонӣ мекунад. Теҳрон бо ин иттиҳом розӣ нест.

XS
SM
MD
LG