Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии AI аз вазъи лӯлиҳои Белград


Созмони Amnesty International (AI) ё Афви Байнулмилал изҳор намуд, ки садҳо лӯлиҳои аз манзилҳояшон дар Белград зӯран беруншуда то ҳол соҳиби хонаҳои нав нашуданд, ҳарчанд Иттиҳодияи Аврупо барои ин тарҳ ба ҳукумати Сербия 3,6 миллион евро ҷудо карда буд.

Бино ба гузориши ин созмон, ки рӯзи 8 апрел нашр шуд, таъмини лӯлиҳо бо манзил бояд моҳи феврал анҷом меёфт, аммо то имрӯз бунёди ягон манзили бисёрқабата барои онҳо тамом нашудааст.

Мақомоти Сербия се сол пеш 167 хонаводаи лӯлиро аз қароргоҳи ғайриқонунияшон дар мавзеъи Белвили шаҳри Белград берун ва хонаҳои фарсудаи онҳоро хароб карданд. Он вақт фақат ба даҳ хонавода манзили нав доданд. Афви Байнулмилал навиштааст, ки бештари лӯлиҳои бехонумоншуда дар контейнерҳои нақлиётӣ ба сар мебаранд, онҳо имкони пайдо кардани кор ва фарзандонашон имкони таҳсил дар мактабро надоранд.

XS
SM
MD
LG