Пайвандҳои дастрасӣ

Худкушии як зан ба хотири "надоштани фарзанд"


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Наврӯзгул Азизова, як зани 30-солаи сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки баъди солҳо зиндагии муштарак бо шавҳараш фарзанди зинда ба дунё наовард, худкушӣ кардааст. Аз ҷамоати Низмуҳаммад Беков ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Наврӯзгул дирӯз, 7 апрел дар хонааш худро бо ресмон ҳалқовез кардааст. Тибқи фарзияҳои ибтидоӣ ва ба гуфтаи ҳамсояҳои Наврӯзгул, сабаби худкушии ӯ, фарзанддор нашуданаш будааст.

Давоми ҳафтаи ҷорӣ ин дувумин ҳодисаи худкушии занон дар минтақаи Қӯрғонтеппа мебошад. Насиба Хайдарова, зани 27-солаи сокинин ноҳияи Қубодиён бо вуҷуди он, ки ду духтар аз ду шавҳараш доштааст, рӯзи 6 апрел аз хонаи шавҳараш аз ноҳияи Носири Хусрав ба деҳаи Айнии Қубодиён омада, хушдкушӣ намудааст.

Созмонҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон омилҳои ба худкушӣ даст доштани занону духтаронро дар мушкилоти хонаводагӣ медонад. Аз аввали соли равон дар Хатлон ҳудуди 10 нафар занон худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ намудаанд.

XS
SM
MD
LG