Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои сохтмони "Театри миллӣ" 680 млн сомонӣ ҷудо шуд


Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи худ бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба будҷаи давлаии соли 2015, фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони “Театри миллӣ”-ро аз андози арзиши иловашуда, роҳҳои истифодабарии автомобилҳо ва андоз аз фоида озод кард. Ҳамчунин барои ворид кардани масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди ин иншоот, пудратчӣ аз боҷи гумрукӣ озод карда шудааст. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири иқтисоди Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфт, ки фармоишгар ва пудратчии асосӣ аз тарафи ҳукумати кишвар таъйин шудааст ва он Дирексияи сохтмони назди дастгоҳи президент ва ҶСП “Сирдарё" мебошанд. Ба гуфтаи оқои Нуралиев, ин иншоот бояд дар муддати 5 соли оянда ва бо маблағи 680 миллион сомонӣ бунёд шавад ва қарор аст дар сохмони он 1000 коргар ширкат кунанд. Маросими гузоштани санги таҳдоби ин театр моҳи гузашта бо ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуда буд. “Театри миллӣ” дар шафати Осорхонаи миллии Тоҷикистон бунёд мешавад.

XS
SM
MD
LG