Пайвандҳои дастрасӣ

Ниёзи 83% аҳолии Тоҷикистон ба пули муҳоҷирин


Барномаи рушди СММ бо муаррифии як таҳқиқоти худ таҳти унвони “Тоҷикистон дастрасии захираҳои рушди инсон дар соли 2014” мегӯяд, 83 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба маблағи муҳоҷирони корӣ сахт эҳтиёҷ доранд. Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон рӯзи 8 апрел гузориши таҳқиқотии худ таҳти унвони “Тоҷикистон дастрасии захираҳои рушди инсон дар соли 2014”-ро дар Душанбе муаррафӣ намуд, ки бар пояи он, 83 дарсади аҳолии ин кишвар ба маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирини корӣ эҳтиёҷманд ҳастанд. Намояндаи Барномаи рушди СММ зимни шарҳи бандҳои аз гузориши таҳқиқотӣ гуфтааст, пуле, ки аз ҳисоби муҳоҷирин ворид мешавад, 86 дарсади аҳолии ин кишвар онро зуд сарфу харҷ намуда, пасандоз намекунанд. Дар соли 2014 аз ҳисоби муҳоҷирин кории тоҷик, ки дар беруни кишвар, махсусан дар Русия кор мекунанд, ба Тоҷикистон 3 миллиарду 800 миллион доллар ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG