Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Шукурҷон Зуҳуров ба вазирон


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон.

Иҷлосияи ҳайати нави парлумони Тоҷикистон кори худро бо баёни таъзия ба сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод оғоз кард. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз бинои Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон иттилоъ дод, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон кори иҷлосияро бо баёни таъзия ба сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод шурӯъ кард.Ҷаноби Зуҳуров ба аҳли хонаводаи қурбониёни офати рустои Яккабед тасаллияту ҳамдардӣ арз карда ва барои онҳо сабри ҷамил хост.

Ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров, аз вазирону раҳбарони вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ талаб кард, ки зимни баррасии қонуну санадҳои марбут ба соҳа, шахсан худашон ширкат кунанд. Ин ҳушдори раиси Маҷлиси Намяондагон бо таваҷҷуҳ ба он, ки раҳбарони се вазорат дар иҷлосияи имрӯз ширкат накарданд, сурат гирифт. Зеро ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, дар иҷлосияи вазирони корҳои дохилӣ, молия ва раиси кумитаи амнияти миллӣ ширкат надоранд.

Ҳарчанд ба таъкиди ҷаноби Зуҳуров, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ субҳ зада ва маъзарат хостаанд, ки дар иҷлосия худашон ширкат карда наметавонанд ва ба ҷояшон муовинонашон мераванд. Аммо вазири молия бидуни огаҳӣ ширкат надорад. Зимнан, иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дар ҳайати нави парлумон имрӯз шаш масъаларо баррасӣ мекунад, ки ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои будҷа, кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, рӯзҳои ид ва ҳамчунин чанд созишномаи байнидавлатӣ аз ин ҷумла аст.

XS
SM
MD
LG