Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барканории муовини генерал Рустам Назаров


Маҳмудзода Ҳалим Ҳабибулло -- муовини раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор гардидааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, фармони барканории Маҳмудзодаро рӯзи 7 апрел Эмомалӣ Раҳмон имзо гузошт. Аммо дар ин фармон, ки таҳти рақами 430 содир шудааст, далели барканорӣ ва ё ба кори дигар гузаштан ё нагузаштани Ҳалим Маҳмудзодаро зикр накардаанд. Ӯ ҳамагӣ як сол пеш муовини раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовар таъин шуда буд.

XS
SM
MD
LG