Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон 8 марзбон кушта шудаанд


Матбуоти Эрон мегӯяд, ки мардони мусаллаҳ дар минтақаи марзӣ бо Покистон 8 марзбонро ба қатл расондаанд. Бино ба навиштаи хабаргузории нимарасмии Форс, ин ҳамла дар устони Систон-Балуҷистон сурат гирифтааст.

Гузоришҳо мегӯянд, 4 нафари онҳо сарбозони навхидмат будаанд. Алӣ Асғар Миршикорӣ-муовини раиси устони Систон-Балуҷистон ба хабаргузории ИРНО гуфтааст, ки «террористҳо» баъд аз ин ҳамла ба Покистон фирор кардаанд.

Дар ин устон пайравони зиёди суннӣ зиндагӣ мекунанд ва тундравҳо борҳо ба нируҳои амниятӣ, ки аслан пайравони шиа мебошанд, ҳамла бурдаанд.

XS
SM
MD
LG