Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон 5 солагии инқилобро баргузор кард


Маросими расмии ҷашн

Маросими расмии ҷашн

Алмосбек Отамбоев-раиси ҷумҳури кунунӣ дар маросими назди кохи ҳукумат, ки дар Бишкек бо номи Кохи Сафед машҳур аст, ширкат ҷуст. 5 сол пеш 7 апрел дар майдони назди ин бино нируҳои амниятӣ тақрибан 100 нафар ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозиро ба қатл расонданд.

7 апрели соли 2010 тақрибан 15 000 нафар дар назди Кохи Сафед раҳпаймоӣ анҷом доданд ва истеъфои Қурмонбек Боқиевро тақозо ва вайро ба ришвахориву суистифода аз мақом муттаҳам карданд.

Атамбоев, ки он вақт чун раҳбари мухолифон дар ҳабси хонагӣ буд, 7 апрели соли ҷорӣ хотираи қурбониёни он рӯзро гиромӣ дошт. Вай зимни суханони худ дар назди Кохи Сафед гуфт, мардуми Қирғизистон дар ёд доранд, ки Боқиев чӣ “низоми ваҳшатборе ташкил карда буд” ва “мухолифони ҳукумат, соҳибкорону рӯзноманигорон ва намояндагони порламонро мекушт”.

Боқиев ва аксари аъзои хонаводаи вай ҳоло дар Беларус ба сар мебаранд. Минск дархостҳои Қирғизистонро дар бораи истирдоди онҳо ба Бишкек рад кардааст.

XS
SM
MD
LG