Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ талаб кардааст, то 44 боғчаи кӯдаконаро, ки дар даврони Шӯравии пешин аз они мардум буд ва баъдан "фурӯхта" шудааст, дубора ба сокинон баргардонанд.

Ин пешниҳоди идораи маориф дар ҳолест, ки камбуди боғчаҳои кӯдакона дар навоҳӣ мушоҳида мешавад ва танҳо 8 дарсади кӯдакони синни то мактабӣ ба боғчаҳо фаро гирифта шудаанд ва дигар кӯдакон дар назди падару модару бибияшон бузург мешаванд. Бо оғози мавсими кори саҳро, набуди боғчаҳои кӯдакона барои занони кишоварз бештар эҳсос мешавад, ки кӯдаконро дар хона гузошта ба кори саҳро мераванд, вале идораи маориф мехоҳад, ин мушкилро мусбат ҳал кунад.

XS
SM
MD
LG