Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи сайёри шаҳри Исфара рӯзи 7 апрел дар боздоштгоҳи муваққат (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд ба баррасии парвандаи 10 сокини Исфара, ки барои узвият дар "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ва таблиғи ақидаҳои ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, оғоз мекунад.

Ин афрод аз 30 то 38-сол дошта, аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти пулис дастгир шудаанд. Тафтишоти аввалияи парвандаи онҳоро додситонии Суғд анҷом дода ва бар асоси он ин 10 нафар дар замони муҳоҷирати корӣ дар Русия ба созмони "Ҷамоати Ансоруллоҳ" шомил шудаанд. Дар бораи ҷузъиёти аъмоли онҳо чизе гуфта намешавад, вале мақомоти додситонӣ онҳоро ба тарғиби сокинон барои шомил шудан ба "Ансоруллоҳ" айбдор мекунанд.

Вале Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои ду айбдоршаванда – Фурқат Охунов ва Умед Каримов мегӯяд, нафарони зерҳимояаш ва ҳампарвандаҳои онҳо иртиботи худ бо созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG