Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи таҳқиқи шашмоҳаи коршиносони тоҷик, панҷ ноҳияи аз нигоҳи иқлим осебпазири Тоҷикистон ошкор шудааст, ки онҳо Дарвоз, Мӯъминобод, Ҳамадонӣ, Ҷиргатол ва Панҷакент будаанд.

Ҳудуди навоҳии Дарвоз, Мӯъминобод, Ҳамадонӣ, Ҷиргатол ва Панҷакент осебпазиртарин манотиқи Тоҷикистон аз нигоҳи иқлим шинохта шуданд. Дар ин навоҳӣ, ки беш аз 300 ҳазор зиндагӣ доранд, хатари офатҳои табиӣ рӯ ба афзоиш буда, заминҳои кишт ва муҳити зист дар ҳоли харобшавист.

Анвар Ҳамидов, корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ки дар таҳқиқи "Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлим" иштирок кардааст, мегӯяд, хулосаи ин барнома ба ҳукуматҳои навоҳии мазкур ҷиҳати чораандешӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Ӯ афзуд: "Ҳоло марҳилаи якум ба анҷом расидааст ва мо дар марҳилаи дуюм хулосаҳои худро ба ҳукуматҳои маҳаллӣ пешниҳод мекунем, то дар барномаи рушди ноҳия ин ҷанбаҳоро дохил карда, роҳҳои паст намудани осебпазириро пайдо намоянд."

Фирӯз Саидов

Фирӯз Саидов

Гурӯҳи корӣ дар барномаи мазкур тағйирёбии иқлим дар 63 шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар 50 соли охирро омӯхта, ба чунин хулоса расидааст. Фирӯз Саидов, коршиноси дигари ин барномаи озмоишӣ мегӯяд, беш аз 20 ноҳияи Тоҷикистон осебпазиранд, аммо дар марҳилаи аввал онҳо панҷ навоҳиро барои анҷоми таҷриба интихоб намудаанд. Ӯ мегӯяд, барои осебпазир хондани ин панҷ навоҳӣ, онҳо хулосаи даҳҳо идораро гирифта, мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Ӯ гуфт: "Аз рӯи сӣ нишондиҳандаи махсус, ки ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд, осебпазирӣ дар ин навоҳӣ муайян карда шуд. Нишондиҳандаи аввал, хатарҳои табиӣ, сатҳи баландшавии обу ҳаво, боришу сел ва дигар намуди офатҳои табиӣ мебошанд, ки дар нишондиҳандаҳои дуюм ба ҳосилнокии меҳнат, ҳосилнокии замин таъсир мерасонад. Сеюм нишондиҳанда ин буд, ки потенсиалҳои табии ин навоҳӣ чи гуна дар мутобиқшавӣ ба иқлим кӯмак мерасонанд."

Бар асоси ин омӯзиш, дар навоҳии Мӯъминобод, Ҳамадонӣ ва Панҷакент аз ҳама бештар обхезӣ заминҳои киштро хароб карда, боридани барфу борони ногаҳонӣ меваи дарахтонро талаф медиҳад. Дар ноҳияи Ҷиргатол ва Дарвоз, бештар фаромадани ярчу тарма ва сангрез ба хонаҳои истиқоматӣ осеб расонда, заминҳои киштро ғайрикорам менамояд.

Шӯҳрат Шоҳисматов, як масъули ҳукумати ноҳияи Дарвоз, яке аз панҷ ноҳияи осебпазири Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, резиши санг аз кӯҳҳо ва обхезиҳо майдони заминҳои корами бе ин ҳам ками Дарвозро сол то сол тангтар мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло ба 14 деҳаи ин ноҳия хатари сангрезӣ ва ба 17 деҳаи дигар хатари обхезӣ таҳдид мекунад.

Ӯ гуфт: “Ҳамасола сокинони деҳоти ноҳия аз обхезӣ ва сангрез зиён мебинанд. Ҳатто, аз сангғелӣ аз баландкӯҳҳо на танҳо заминҳои кишт, балки хонаҳои сокинон низ осеб мебинад. Мо пайваста, бо сокиноне, ки дар мавзеҳои хатарнок қарор доранд, тамос дорем ва ба ҳади имкон кӯмаки худро барояшон мерасонем. Шароити Дарвоз аз дигар навоҳии кишвар фарқ мекунад.”

Масъулони ҳукумати навоҳии Панҷакент, Ҳамадонӣ ва Мӯъминобод мегӯянд, воқеан, дар пайи селу обхезӣ ҳамасола даҳҳо ҳектор киштзор нобуд мешавад. Бо далеле, ки қисмати болоӣ ва ҳосилхезӣ заминҳо шуста мешавад, ин заминҳо аксаран нокорам боқӣ мемонанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, тайи чанд соли охир ҷангалзорҳо хароб шудаанд ва яке аз сабабҳои обхезӣ ва фаромадани ярч дар манотиқи кӯҳистон, коҳиши ҷангалзорҳост. Ҳоло ин Кумита ба хотири афзоиши ҷангалзорҳо тадобири мушаххасе рӯи даст гирифтааст, ки бар асоси он, ҳамасола бештар аз ду миллион дарахт дар Тоҷикистон шинонида мешавад.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз селхезӣ ин Кумита дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ соҳилбандӣ дар соҳили рӯдхонаҳои хатарнокро афзоиш додааст. Ӯ мегӯяд, аммо дар минтақаҳое, ки ҳеҷ имкони ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ вуҷуд надорад, бар асоси барномаи вижа сокинонаш ба манотиқи бехавф кӯчонида хоҳад шуд.

Ӯ гуфт: “Давоми соли 2015 бояд 350 хонавода аз манотиқи хавфнок ба маконҳои амн кӯчонида шаванд. Ин минтақаҳое ҳастанд, ки дигар шароити бехавф барои зист надоранд. Ин манзилҳои зист дар селроҳа бунёд шудаанд ва ё зери кӯҳе, ки эҳтимоли лағжиши кӯҳпора вуҷуд дорад. Ба ин хотири то охири сол онҳо бояд кӯчонида шаванд.”

Муайян кардани навоҳии осебпазир бар асоси “Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлим” дар ҳолест, ки гурӯҳи дигари корӣ то охири сол стратегияи давлатии мутобиқшавӣ ба иқлимро таҳия мекунанд. Ин барнома, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид маблағгузорӣ мешавад, бояд роҳҳои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва ҳифзи захираҳои табииро дақиқ кунанд.

Тахмин меравад, аҳолии Тоҷикистон то соли 2020 ба 10 миллион нафар наздик мешавад. Дар сурати афзоиши офтаҳои табиӣ ва кам шудани захираҳои табиӣ, зиндагии аҳолии 10-миллионӣ ва ё аз ин бештари Тоҷикистон ба мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад гашт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG