Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситезаҷӯён 300 марди курдро рабуданд


Бахши суриягии шабакаи “Ал-Қоида” рӯзи якшанбе 300 марди курдро рабудааст. Дар ин бора рӯзи 6 апрел намояндаи курдҳои шаҳри Кӯбонӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, мардҳо дар ҳоле рабуд шуданд, ки онҳо аз шаҳри зери назорати курдҳо Африн сӯи шаҳри Ҳалаб ва пойтахт – шаҳри Димишқ ҳаракат мекарданд. Ин манбаъ афзудааст, ки ситезаҷӯён занону кӯдаконро раҳо кардаанд.

Ҷабҳаи Ан-Нусра, ки бахши суриягии “Ал-Қоида” маҳсуб мешавад, хабари рабудани мардҳоро тайид накардааст, расонаҳои расмии Димишқ ҳам дар ин бора иттилоъ надодаанд.

Аз ин пеш гурӯҳи дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мустақар дар Лондон, хабари рабудани мардҳои курдро тасдиқ кард ва аммо аз ифшои теъдоди рабудашудагон худдорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG