Пайвандҳои дастрасӣ

Эътилоф ҳавопаймову киштӣ ва аскар мехоҳад


Хоҷа Муҳаммад Осиф

Хоҷа Муҳаммад Осиф

Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ, ки алайҳи шибҳанизомиёни ҳусӣ дар Яман ташкил шудааст, аз Исломобод ҳавопаймоҳои ҷангӣ, киштиҳои ҳарбӣ ва сарбозони хушкигардро дархост кардааст.

Дар ин бора вазири дифои Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат ба хабарнигорон дар ҳоле иттилоъ дод, ки дар парлумони кишвар зимни баррасии дархости Эътилоф оид ба пайвастани Исломобод ба амалиёти алайҳи ҳусиҳо шурӯъ мешуд.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, ҳафтаи гузашта аз ҳарду палатаи парлумон даъват кард, ки ба хотири баҳсу баррасии дархости Арабистони Саъудӣ барои ҳамроҳ шудан ба Эътилофи байнулмилалӣ алайҳи шибҳанизомиёни ҳусӣ дар Яман ҷаласаи вижа доир кунанд. Арабистони Саъудӣ ва чанд кишвари асосан суннинишини Халиҷи Форс охирҳои моҳи гузашта ба зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ҳусӣҳо шурӯъ карданд.

Навоз Шариф аз ин пеш чанд бор эълом дошт, ки ба ҳама гуна таҳдидҳо ба якпорчагии Арабистони Саъудӣ посух медиҳад ва аммо ҳар дафъа аз ҷузъиёти он ки чӣ гуна посух хоҳад дод, сарпечӣ мекунад.

Арабистони Саъудӣ ва Покистон робитаҳои бо ҳам наздик доранд. Соли гузашта Арабистони Саъудӣ 1,5 миллиард долларро дар ихтиёри Исломобод гузошт. Соли 1999, баъд аз барканории Навоз Шариф аз мақоми нахуствазири Покистон бар асари кудатои низомӣ, Ар-Риёз аз ӯ дифоъ карда, паноҳгоҳаш дода буд.

XS
SM
MD
LG