Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт


Зубайдуллоҳ Зубайдов

Зубайдуллоҳ Зубайдов

Дар Кувайт бори аввал Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид. Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 6 апрел гуфт, ки рӯзҳои фарҳанг дар чаҳорчӯби 20-умин солгард аз барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар доир гардид.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар яке аз бузургтарин театрҳои пойтахти Кувайт гузашт ва дар он тақрибан 600 нафар, аз ҷумла, раиси Шӯрои илму фарҳанг Кувайт Алӣ Юбҳа, муовини вазири тиҷорат Самира Ғариб, вакилони парлумон, дипломатҳои маҳалливу сафирони аксари кишварҳо ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ ба шумули таомҳои наврӯзӣ, аз қабили сумалаку нонҳову ҳалвоҳои тоҷикӣҳам сурат гирифт ва ба гуфтаи сафир, бештари меҳмонҳо ҳатто нонҳои тоҷикиро бо худ чун армуғон бурданд.

Ҳамчунин дар макони баргузории Рӯзҳои фарҳанг намоиши асарҳои рассоми шинохтаи тоҷик Фаррух Неъматзода ҳам доир шуд. Меҳмонон бо либосу пироҳанҳои тоҷик ҳам ошно шуда, аз намоишгоҳи китобҳои тоҷикӣ дидан карданд.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт, дар интиҳои консерти ҳунарманди гурӯҳи “дарё” Нигина Амонқулова ва гурӯҳи рақсии “Базморо” аҳли толор тақрибан даҳ дақиқа кафкӯбӣ карданд.

XS
SM
MD
LG