Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри ҳолномаи раҳбари Толибон


Ҷунбиши Толибон ҳолномаи раҳбари пинҳонгаштаи худ Мулло Умарро дар ҳоле нашр кард, ки овозаи марги ӯ бештар мешавад. Ин матни иборат аз 5000 вожа ба муносибати 19-умин солгарди раҳбарии ин шахс бар ҳаракати тундгарои Толибон дар торнамои он нашр гаштааст. Дар ҳолнома таваҷҷӯҳи хоси Мулло Умар ба мушакандози зиддитонкии русии РПГ-7 зикр ёфта, гуфта мешавад раҳбари толибҳо дар соли 1960 дар деҳаи Чоҳи Ҳиммати ноҳияи Харкизи вилояти Қандаҳор ба дунё омадааст. Худ Мулло Умар гуфтааст, аз сулолаи томзии қабилаи ҳотак будааст. Вай дар панҷсолагӣ аз падар маҳрум гашта, бо хонаводааш ба вилояти Урузгон кӯчидааст. Ҳангоми ишғолгарии Шӯравӣ Мулло Умар донишҷӯи мадраса буд ва ба сафи мухолифони мусаллаҳ пайваст. Ҳарчанд муаллифони ҳолнома мегӯянд, Мулло Умар “ҳамеша аз тарафи душман пайгард мешавад”, дар 13 соли охир хабаре аз макони ӯ рӯ назадааст.

XS
SM
MD
LG