Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 17 гумонбари терроризм дар Малайзия


Дар амалиёти вижаи полиси Малайзия, 17 нафари гумонбар дар тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар пойтахти кишвар Куала-Лумпур боздошт шуданд. Ба иттилои полис, ду нафари рӯзи якшанбе дастгиршуда, аз Сурия баргаштаанд.

Дар бораи он ки боздоштшудаҳо чӣ гуна ҳамларо тарҳрезӣ карданӣ буданд, иттилоъ дода нашудааст.

Амалиёт як ҳафта баъд аз он сурат гирифт, ки раҳбарияти хадамоти зиддитеррористии полиси Малайзия дар бораи анҷоми ҳамлаҳо аз сӯи ҷонибдорони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳушдор дода буд.

Ба иттилои полис, беш аз 60 тан аз шаҳрвандони Малайзия, кишвари асосан мусалмоннишини Осиё, ба Сурия ва Ироқ рафта, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

XS
SM
MD
LG