Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон дархости Ар-Риёзро баррасӣ мекунад


Дар парлумони Покистон рӯзи 6 апрел баррасии дархости Арабистони Саъудӣ аз Исломобод оид ба кӯмаки низомӣ дар амалиёт дар Яман шурӯъ шуд.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, ҳафтаи гузашта аз ҳарду палатаи парлумон даъват кард, ки ба хотири баҳсу баррасии дархости Арабистони Саъудӣ барои ҳамроҳ шудан ба Эътилофи байнулмилалӣ алайҳи шибҳанизомиёни ҳусӣ дар Яман ҷаласаи вижа доир кунанд. Арабистони Саъудӣ ва чанд кишвари асосан суннинишини Халиҷи Форс охирҳои моҳи гузашта ба зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ҳусӣҳо шурӯъ карданд.

Навоз Шариф аз ин пеш чанд бор эълом дошт, ки ба ҳама гуна таҳдидҳо ба якпорчагии Арабистони Саъудӣ посух медиҳад ва аммо ҳар дафъа аз ҷузъиёти он ки чӣ гуна посух хоҳад дод, сарпечӣ мекунад.

Арабистони Саъудӣ ва Покистон робитаҳои бо ҳам наздик доранд. Соли гузашта Арабистони Саъудӣ 1,5 миллиард долларро дар ихтиёри Исломобод гузошт. Соли 1999, баъд аз барканории Навоз Шариф аз мақоми нахуствазири Покистон бар асари кудатои низомӣ, Ар-Риёз аз ӯ дифоъ карда, паноҳгоҳаш дода буд.

XS
SM
MD
LG