Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳбати телефонии Раҳмон бо раисони Суғду Хатлон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо раҳбарони бархе аз вилоятҳо ва навоҳии кишвар сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 6 апрел гуфт, оқои Раҳмон дар сӯҳбатҳои телефонӣ бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияи Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғара дар бораи омодагӣ ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мисли селу жола, обхезӣ ва ярчу сангрезӣ сӯҳбат кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ин замина раҳбарони минтақаҳо ба раисиҷумҳури Тоҷикистон роҷеъ ба соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар масоил, гузориш додаанд.

Аз ин қабл рӯзи ҷумъаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари ҳодисаи табиӣ дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод, ки боиси марги даҳ нафар шуд, бо раиси ин ноҳия телефонӣ сӯҳбат карда буд. Раисиҷумҳур зимни изҳори таъзия ба қурбониёни ин ҳодиса дастур дода буд, ба хонаводаи қурбониён кумакҳои фаврӣ бирасонанд.

Тоҷикистон ҳафтаи гузашта шоҳиди боронгариҳои шадид шуд, ки боиси хисороти молӣ ва ҷонӣ дар қаламрави кишвар шуд. Аз ҷумла дар бархе аз навоҳии минтақаи Кӯлоб боронгариҳо хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои киштро тахриб намуда, боиси талаф шудани ҳайвоноти сокинон низ гаштааст.

XS
SM
MD
LG