Пайвандҳои дастрасӣ

Ёрии ҳизби аграрӣ ба оилаи қурбониёни ярч


Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба хонаводаҳое, ки пайвандонашон рӯзи 3 апрел дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод зери хок монда буданд, кумаки молӣ кардааст.

Рустам Латифзода, раиси ҲАТ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳ бо дигар аъзои ҳизб ба ҷои ҳодиса рафта, ба 10 хонаводае, ки пайвандонашон зери хок мондаанд, изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

“Мо ба ин мардуми кулфатдида худро ғамшарик медонем. Албатта, тасаллӣ гуфтан ба афроде, ки пайвандашро аз даст медиҳад, мушкил аст, аммо дар ин рӯзи сахт паҳлӯи ҳамватани худ будан ва дарди ӯро дарди худ донистан як кори хубу савоб аст,”-афзуд Латифзода.

XS
SM
MD
LG