Пайвандҳои дастрасӣ

Бузургтарин шитобдиҳандаи заррачаҳо дар ҷаҳон ё коллайдер, ки ду сол барои таъмир баста шуда буд, дубора ба фаъолият оғоз мекунад. Донишмандон аз Созмони аврупоии таҳқиқоти ҳастаӣ ё CERN 5 апрел ду тири заррачаиро дар коллайдери бузург дар нақби 27 километрӣ партоб намуданд. Ин коллайдер, ки мисли нақб аст дар наздикиҳои Женева дар зери замин аз қаламрави Шветсарияву Фаронса мегузарад.

Коллайдери мазкур дар кашфи зарроти бунёдии атом ё заррачаҳои дохили атом нақши муҳим дорад. Кашфи ин заррачаҳо, муддатҳои тӯлонӣ ҳамчун назария вуҷуд дошт, вале то соли 2013 тасдиқ нашуда буд.

Ҳоло донишмандон қавл додаанд, ки дар сурати ба ҳам бархӯрдани заррачаҳо тавлиди ниру ду баробар афзоиш меёбад. Ин кор дар моҳи июн имконпазир хоҳад буд. Онҳо мегӯянд, дар бахши тавлиди ниру дар сайёра тағироти муҳим ба амал хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG