Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон қавл дод, ки обро эҳтиёт мекунад


Раиси ҷумҳури Туркманистон қавл дод, ки захоири обро дар кишвараш эҳтиёт кунанд, зеро бо вуҷуди доштани мушкилоти об дар ҷаҳон яке аз кишварҳоест, ки обро самарбахш истифода намекунад.

Зимни суханони худ дар Рӯзи Об, ки дар Туркманистон ҷашни миллӣ эълон шудааст, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қавл дод, ки аз сарфи беҳудаи об пешгирӣ мекунанд. Вай гуфт, ҳукумат таҷҳизоти ҳифзи обро муаррифӣ ва аз таҷрибаи пешрафтаи истифодаи об истифода мекунад.

Дар ин бора хабаргузории Франс Пресс аз қавли матбуоти расмии Туркманистон гузориш додааст. Бештари қаламрави Осиёи Марказиро биёбонҳои Қароқурам ташкил медиҳад ва яке аз хушктарин минтақаҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Шабакаҳои обёрии кишварҳои Шӯравии пешин дар Осиёи Марказӣ кӯҳна шудаанд, бо вуҷуди он то ҳол аз онҳо барои обёрии пахта, ки оби зиёд мехоҳад, истифода мебаранд.

Соли 2012 Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон ҳушдор дода буд, ки ихтилофи назарҳо дар бораи тақсими об метавонад сабаби оғози муноқиша дар минтақа шавад.

XS
SM
MD
LG