Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

70 нафар шаҳрвандони Точикистонро, ки аз Яман ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳоии фавқулоддаи Русия ба Маскав оварда буд, бомдоди 5 апрел кормандони сафорат ва намояндагии хадамоти муҳоҷират истиқбол намуданд. Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод-сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Дар миёни ин 70 нафар 14 кӯдак низ ҳаст. Масъулини ситоди сафорат дар таҳияи ҳуҷҷат ба бозгаштагон кӯмак карда, онҳоро ба фурудгоҳи Додмодедова интиқол доданд. Қисми зиёди ин шаҳрвандон бо ҳавопаймои парвози Москва- Душанбе шоми 5 апрел ба Ватан мерасанд.

Қисми дигар тавассути парвози баъдӣ субҳи рузи 6 апрел ба Точикистон хоханд расид. Шуморе ҳам тавассути хатсайри Москва-Кулоб ба Ватан фиристода мешаванд.

Дар байни онҳо3-4 нафароне низ буданд, ки хоҳиши чанд рӯз дар Москва монданро кардаанд. Онҳоро аз фурудгоҳ хешовандону наздиконашон ба манзили хеш дар Москва бурдаанд.

Сафорат мегӯяд, тибки мукарарот вазифаи асосии онҳо аз минтаки чангзадаи Яман расондани шахрвандони Точикистон то ба чойи амн аст.

XS
SM
MD
LG