Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймоҳои эътлофи зери фармондеҳии Арабистони Саъудӣ 5 апрел Санъо-пойтахти Яманро дар ёздаҳумин рӯзи мубориза бар зидди Ҳусиҳо бомбаборон кардаанд. Аз Ҳусиҳои Яман Эрон ҷонибдорӣ мекунад ва нируҳои онҳо бо нируҳои Абд Раббу Мансур Ҳодӣ-раиси ҷумҳури Яман меҷанганд.

Хабаргузории Ройтерз аз қавли сокинон мегӯяд, нируҳои эътилоф ба манотиқе ҳамла мекунанд, ки дар он ҷо нируҳои Ҳусӣ ҷойгиранд. Ба минтақаҳои имтидоди марзи миёни Яман ва Арабистони Саъудӣ низ ҳамлаҳои ҳавоӣ сурат гирифтааст.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом мегирад, ки як рӯз пеш Русия аз Шӯрои Амнияти СММ хоста буд, ки дар ҳамлаҳои ҳавоӣ таваққуф ба вуҷуд ояд, то ба эҳтиёҷмандон кӯмакҳои башарӣ расонда шавад ва шаҳрвандонро аз минтақаи хатар берун бибаранд.

XS
SM
MD
LG