Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров берун бурдани аслиҳаро пешниҳод кард


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия пешниҳод кард, ки дар Украина ҳар ду ҷониби муноқиша аслиҳаи дорои мили 100 мм-ро аз минтақаи даргириҳо хориҷ кунанд, то ба иҷрои созиши оташбаси моҳи феврал боварӣ бештар шавад.

Лавров ин суханонро дар Братислава-пойтахти Словакия изҳор дошт. Вай дар он ҷо дар маросимҳои 70 солагии озодии Братислава тавассути Артиши Сурх дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум ширкат меҷӯяд.

Лавров гуфт, ки бояд бештар ба бахши низомии созишномаи оташбаси моҳи феврал назорат кард. Созишномаи Минск ҳар ду ҷониби даргир дар шарқи Украинаро водор мекунад, ки аслиҳаи мили бузург, яъне 100 милиметриро аз минтақа дар давоми 14 рӯз берун баранд, то як минтақаи 52 километрии амниятӣ ташкил диҳанд.

XS
SM
MD
LG