Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мошини Горбачёв ба садама дучор шуд


Михаил Горбачёв

Михаил Горбачёв

Мошини Михаил Горбачёв, раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравии пешин рӯзи панҷшанбе ба ҳодисаи нақлиётӣ дучор шудааст. Ин ҳодиса дар шоҳроҳи шимолӣ-ғарбии Маскав рух додааст. Худи Горбачёв аз ин ҳодиса ҷони солим ба дар бурдааст ва осеби ҷисмонӣ набардоштааст.

Дар ин бора намояндаи дафтари матбуотии сарраёсати пулиси шаҳри Маскав ба матбуот хабар додааст. Бино ба ин хабар, ҳодисаи нақлиётӣ тақрибан соати 15 баъд аз нисфирӯзии панҷшанбе дар хиёбони Куусинин рух додааст.

XS
SM
MD
LG