Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз никоҳҳои барвақтии ҷавонони қирғиз


Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Қирғизистон аз арӯсӣ ва ақди никоҳи барвақтии ҷавонон дар ҷануби кишвар нигаронанд. Мухтор Пайзилдаев-намояндаи Бунёди иҷтимоии "Нариман" ба матбуот хабар додааст, ки танҳо дар соли гузашта дар деҳаи Жийделик воқеъ дар ноҳияи Кара-Суу 8 духтари ноболиғро ба шавҳар додаанд. Ҷавонтарини онҳо 13 сола будааст.

Бино ба таҳқиқоте, ки ин созмони иҷтимоӣ анҷом додааст, аслан фарзандони муҳоҷирони кориро дар чунин синну сол ба шавҳар медиҳанд. Бобо ва модаркалон дар чунин синну сол ҷавононро ба арӯсӣ маҷбур мекунанд.

Ин созмон мегӯяд, чун онҳо гувоҳномаи таваллуд ва ақди никоҳ надоранд, ба масъулият кашондан мушкил аст. Муллоҳо онҳоро ақди никоҳ мебанданд ва бо ҳамин онҳо ба зиндагии муштарак шурӯъ мекунанд ва барои гирифтани шаҳодатномаи ақди никоҳ аҷала намекунанд.

XS
SM
MD
LG