Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи мардуми Эрон аз тавофуқоти ҳастаӣ


Истиқбол дар Машҳад

Истиқбол дар Машҳад

Бино ба гузориши хабаргузориҳои Эрон дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар, аз ҷумла дар Теҳрону Машҳад, Рашту Аҳвоз ва амсоли он баъзе аз шаҳрвандон аз тавофуқоти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Лозаннаи Шветсария ба хиёбонҳо баромаданд ва шодмониву ҳимояти худро аз он иброз доштанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин мавзӯъ дар байни корбарони Эронӣ бозтоби муҳим доштаааст. Масалан, тибқи қароре, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ эълон шуда буд, ҷамъе аз мардуми Теҳрон дар майдони Валиаср бо шиорҳои “Рӯҳонӣ, Рӯҳонӣ, ҳимоят мекунем!”, “Доктор Зариф зинда бод, Рӯҳонӣ поянда бод!” аз ҳайати музокиракунандаи Эрон ҳимоят карданд.

Чун дар баъзе хиёбонҳо роҳ барои ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ маҳдуд шуда буд, кормандони интизомӣ барои боз кардани роҳ мудохила мекарданд. Аз ҷумла хабаргузориҳо аз чунин вазъ дар майдони Кавсари Машҳад гузориш додаанд.

XS
SM
MD
LG