Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳои Амрико аз ҳамлаҳо дар Сурия


Паноҳҷӯёни фаластинӣ дар урдугоҳи Ярмук

Паноҳҷӯёни фаластинӣ дар урдугоҳи Ярмук

Амрико ҳамлаҳои алоҳидаи ин ҳафта бар зидди шаҳрвандон дар Сурия, аз ҷумла ҳамла ба урдугоҳи паноҳҷӯёни фаластинӣ дар ҷануби Димишқро маҳкум кард.

Мэрӣ Ҳарфӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар изҳороте гуфт, ки шаҳрвандони Сурия аз ду тараф заҷр мекашанд, ҳам аз режими Башор Асад ва ҳам аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав.

Хонум Ҳарфӣ гуфт, ки вай аз “ҳамлаи ин ҳафтаи “Давлати Исломӣ” ба урдугоҳи Ярмуки паноҳҷӯёни фаластинӣ дар ҷануби Димишқ сахт нигарон аст”.

“Давлати Исломӣ” 1 апрел урдугоҳи Ярмукро ишғол кард ва он яке аз қадамҳои аввли ҳузури тундравҳо дар атрофи пойтахт ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG