Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: Эрон созишро иҷро хоҳад кард


Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар як муроҷиати телевизионӣ ба мардум рӯзи 3 апрел гуфт, ки Теҳрон ҳама нуктаҳои созиши дар музокирот бо шаш қудрати ҷаҳонӣ ҳосилшударо иҷро мекунад, ба шарте, ки ҷониби дигар ҳам дар аҳдаш устувор монад.

Ба гуфтаи Рӯҳонӣ, гурӯҳи "панҷ ба изофаи як" ҳаққи Эрон барои ғанисозии ураниумро таъид кард ва Эрон, дар навбати худ, бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Раисиҷумҳури Эрон афзуд, ки дар ҷаҳони имрӯз бидуни ҳамкорӣ зистан ғайримумкин аст. Аз нигоҳи Рӯҳонӣ, имрӯз таҳдиду фишор муассир нест ва ҳар як созиш бояд барои ҷонибҳо манфиатовар бошад.

Аз ин пеш Ҳусейн Шариатмадорӣ, яке аз мушовири раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ ва сардабири нашрияи муҳофизакорон “Кайҳон”, дар сӯҳбат бо хабаргузории Форс рӯзи 3 апрел гуфт, ки ин созиш барои Эрон паёмадҳои ногувор хоҳад дошт ва ба барномаи ҳастаии кишвар осеби ҷиддӣ мерасонад.

Музокироти чандрӯза оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар шаҳри Лозаннаи Швейсария, ба гуфтаи музокиракунандагон, бо муваффақият анҷом ёфт.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар мавриди "андозаҳои калидӣ-ии созишномаи фарогири ҳастаӣ, ки бояд то 30 июн ниҳоӣ шавад, ба тавофуқ расиданд. .Бар пояи ин тавофуқ, Эрон барномаи ҳастаии худро дар ивази лағви ботадриҷи таҳримҳои байнулмилалӣ коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG