Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Шариатмадорӣ аз созиши Лозанна


Ҳусейн Шариатмадорӣ
Ҳусейн Шариатмадорӣ

Яке аз мушовири раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ аз созиши кишвар бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар робита ба барномаи ҳастаии Теҳрон шадидан интиқод кард. Ҳусейн Шариатмадорӣ, ки сардабири нашрияи муҳофизакорон “Кайҳон” низ ҳаст, дар сӯҳбат бо хабаргузории Форс рӯзи 3 апрел гуфт, ки ин созиш барои Эрон паёмадҳлои ногувор хоҳад дошт ва ба барномаи ҳастаии кишвар осеби ҷиддӣ мерасонад.

Музокироти чандрӯза оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар шаҳри Лозаннаи Швейсария, ба гуфтаи музокироткунандагон,бо муваффақият анҷом ёфт. Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ рӯзи 2 апрел дар мавриди "андозаҳои калидӣ-ии созишномаи фарогири ҳастаӣ, ки бояд то 30 июн ниҳоӣ шавад, ба тавофуқ расиданд. .Бар пояи ин тавофуқ, Эрон миқёси барномаи ҳастаии худро дар ивази лағви ботадриҷи таҳримҳои байнулмилалӣ коҳиш медиҳад.

Дар ҳоле, ки бархе аз муҳофизакорон ба ин созиш мухолифат кардаанд, бисёре аз эрониҳо эълони созиш дар Лозаннаро ошкору ниҳон ҷашн гирифтанд, зеро ин дастовард метавонад роҳро барои созиши доимии ҳастаӣ ҳамвор кунад ва иқтисоди Эрон беҳтару робитааш бо ҷаҳони беруна наздиктар шавад.

XS
SM
MD
LG