Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Боғи Ирам" душанбегиҳоро ба консерт мехонад


Вазоратҳои фарҳангу маориф ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки шурӯъ аз 4 апрели соли равон дар толори «Боғи Ирам» ҳар рӯзи шанбеву якшанбе бо ширкати беҳтарин овозхонони кишвар барномаи консертӣ баргузор хоҳанд кард. Маҳмадсалим Мадёров, сардори Раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбеи 4 апрел ба хотири аҳамият бахшидани фарҳангу ҳунар дар пойтахт, дар «Боғи Ирам» консерти калон доир мешавад. Вай гуфт, нахустин консерт бо ширкати донишҷӯёни Донишкадаи санъат бо пуштибонии Вазорати маориф баргузор шуда, рӯзи якшанбе овозхони маъруф Афзалшоҳ Шодиев бо гурӯҳи ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, консерт хоҳад дод.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, нахустин консерт дар рӯзи шанбе ройгон буда, вале консертҳои баъдӣ бо билетҳои арзонтар баргузор карда мешавад. Сокинон барои дохил шудан ба саҳни “Боғи Ирам” то ду сомонӣ пардохт мекунанд. Консертҳои “Боғи Ирам” ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар соати14:00 бо ширкати овозхонони ҷумҳурӣ, ҳунармандони театр, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, шогирдони мактабҳои махсуси мусиқӣ, доир мегарданд.

XS
SM
MD
LG