Пайвандҳои дастрасӣ

Як мансабдори воломақоми Чин дар фасоду берун аз ваколат пой гузоштан айбдор мешавад. Хабаргузории расмии Синхуа рӯзи 3 апрел иттилоъ дод, ки мақомоти додситонӣ Чжоу Юнкан, собиқ вазири амнияти ҷамъиятии Чинро дар фош кардани сирри давлатӣ ҳам муттаҳам мекунанд.

Чжоу Юнкан то замони бознишастагӣ аз бонуфузтарин раҳбарони Чин маҳсуб мешуд. Мақомоти тафтишотӣ моҳи июли соли 2014 алайҳи Юнкан парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва ӯ аз ҳизби коммунисти Чин ихроҷ шуд. Мақомоти Чин гуфтаанд, ки муҳокимаи додгоҳӣ алайҳи Чжоу Юнкан боз хоҳад буд. Рӯзи баргузории додгоҳ ҳанӯз маълум нест.

Аз ин пеш Бо Силай, аз афроди наздик ба Чжоу Юнкан аз рӯи се иттиҳом - фасод, ришватхорӣ ва сӯиистифода аз мақом ба ҳабси абад маҳкум шуд. Собиқ дабири кумитаи ҳизби коммунист дар шаҳри Чунтсин ва узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чинро моҳи марти соли 2012 аз мақому аз ҳизб ихроҷ ва аз мандати вакили парлумон маҳрум карданд. Ба иттилои мақомоти тафтишот, Бо Силай аз роҳи ғайриқонунӣ чору ним миллион долларро ба ҷайби худ задааст.

XS
SM
MD
LG