Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳимзода арзи мардуми Хатлонро мешунавад


Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 3 апрел ба шаҳри Қӯрғонтеппа меравад ва бо мардум сӯҳбатҳо анҷом медиҳад. Толиб Назаров, муовини сардори раёсати умури дохилаи Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазир “арзу ниёзи” сокинонро мешунавад ва бо онҳо сӯҳбатҳои ошкоро баргузор мекунад.

Қарор аст, ки Рамазон Раҳимзода се рӯз дар Қӯрғонтеппа бимонад ва ба шаҳру навоҳии водии Вахш сафар кунад. Коршиносони маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки шояд ҷаноби Раҳимзода дар бораи ифротгароии ҷавонони хатлонӣ сӯҳбат кунад. Аммо Баҳром Шарифзода, сардори умури дохилаи Хатлон ин ҳадсзаниҳоро рад кард ва гуфт, ки вазир танҳо ба арзу шикояти мардум гӯш медиҳад. Аз ин пеш Рамазон Раҳимзода ба вилояти Суғд сафар намуда ва арзу муроҷиатҳои мардумро шунида буд.

XS
SM
MD
LG