Пайвандҳои дастрасӣ

Аслов хостори таҳкими марз бо Афғонистон шуд


Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе раёсати ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё ОДКБ-ро бар уҳда дошт, дар поёни ин ҷаласа гуфт, ки аз вазъи таҳкими марз бо Афғонистон розӣ нест.

Вай гуфт, “иҷрои тасмими Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи кӯмак ба Тоҷикистон барои таҳкими марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вазъи кунунӣ моро қонеъ намекунад”.

Вале оқои Аслов изҳор дошт, ки бо раҳбарияти Афғонистон робитаи хуби барқарор шудааст. Бино ба гуфтаи ваай, вазирон ҳамчунин роҳҳои муқобила бо таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон, аз ҷумла истифода аз таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самтро баррасӣ карданд.

Вазирон дар бораи таҳкими ҳамкориҳо дар муборизаи муштарак бар зидди ҳамлаҳои интернетӣ ва вокуниш ба вазъиятҳои бӯҳронӣ низ масъалаҳоеро ба баррасӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG