Пайвандҳои дастрасӣ

Эф Би Ай мегӯяд, террористи сахтҷон кушта шуд


Бюрои федеролии бозрасии Амрико ё Эф Би Ай мегӯяд, яке аз террористҳои сахтҷон, ки дар ҷустуҷӯи онҳо қарор дошт, кушта шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Зулкифӣ Бин Ҳир моҳи январ дар Филиппин дар ҷараёни амалиёте ба қатл расидааст.

Бин Ҳир узви Ал-Қоида аз Малайзия буд ва бо гурӯҳи тундравҳои "Ҷамоаи Исломия" иртибот дошт ва созмондиҳандаи чанд бамгузорӣ дар Филиппин буд.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико барои боздошти вай 5 миллион доллар ҷоиза эълон карда буд. Бозрасон мегӯянд, барои онҳо душвор буд, то таъйид кунанд, ки бин Ҳир кушта шудааст, чун ин кор дар ҷараёни амалиёт анҷом гирифта буд. Амалиёт ҳам нодуруст анҷом шуд ва дар ҷараёни он 44 корманди пулиси нируҳои вижа кушта шуданд.

Се сол пеш низомиёни Филиппин эълон карданд, ки Бин Ҳир дар як амалиёти ҳавоӣ ба қатл расидааст, вале вай соли гузашта дар Минданао дубора пайдо шуд. Вай дар он ҷо зери ҳимояти "Ҷабҳаи исломии озодии Моро" қарор доштааст.

XS
SM
MD
LG