Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон гуфт, ки дар музокироти ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон “пешрафти муҳим” ба даст омадааст, вале “натиҷаи ниҳоӣ” ҳосил нашудааст.

Дар Лозаннаи Шветсария ин музокирот субҳи рӯзи 2 апрел дар сатҳи вазирон идома ёфт ва онҳо дар бораи чаҳорчӯбаи созиши ҷонибҳо роҷеъ ба маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон ва дар иваз коҳиш додани таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон масъалаҳои марбутаро баррасӣ карданд.

Ширкаткунандагони музокирот то поёни зарбулаҷали пешбинишуда, яъне то 31 март роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон бояд ба тавофуқ мерасиданд ва роҳро барои имзои созишномаи ниҳоӣ дар 30 июн ҳамвор месохтанд.

Кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд мутмаин бошанд, ки Эрон дигар наметавонад бами ҳастаӣ бисозад, вале Эрон мехоҳад, ки таҳримҳои Ғарб бояд хотима ёбад.

Бо вуҷуди хатми мӯҳлати ниҳоии музокирот Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 1 апрел эълон кард, ки дар Лозанна хоҳад монд ва музокираро идома медиҳад. Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф шабона низ гуфтушунудҳоро идома доданд ва субҳ музокирот идома ёфт.

XS
SM
MD
LG