Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши пурқурбонӣ дар Хусти Афғонистон


Саҳнаи инфиҷор
Саҳнаи инфиҷор

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар як таркиш дар ҷараёни тазоҳурот дар шаҳри Хуст 17 нафар кушта 40 нафар захмӣ шудаанд, ки дар миёни онҳо Ҳумоюн Ҳумоюн-раиси Кумитаи дифои порламони Афғонистон низ ҳаст.

Мубориз Муҳаммад Задрон-сухангӯи сарпарасти вилоят дар ин бора ба Радои Озодӣ хабар дод.

Даҳҳо нафар сокинони вилояти Хуст бар зидди Абдулҷаббор Наимӣ-сарпарасти ин вилоят ва афзоиши фасоди идорӣ ба тазоҳуроти эътирозӣ баромаданд ва дар миёни онҳо таркиш рух дод.

Ба гуфтаи баъзе аз шоҳидони айнӣ, дар ин рӯйдод шуморе аз афрод кушта ва захмӣ шудаанд, вале то ҳол шумораи дақиқи талафоти ин таркиш рӯшан нашудааст.

Дар гузооришҳои хабарӣ аз қавли муовини волии вилоят гуфта мешавад, ки як бамгузори маргталаб худро дар миёни мардум мунфаҷир сохтааст.

Масъулияти ин таркишро то ҳол касе ё гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст

XS
SM
MD
LG