Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари камобӣ дар Калифорния


Раиси аёлати Калифорнияи Амрико дар бораи меъёри истифодаи маҳдуди об дастур содир кард. Бори аввал дар таърих дар мубориза бо хушксолии шадид ин аёлат ба чунин тадбир даст мезанад.

Назархоҳии 1 апрел нишон дод, ки захираи барф дар қаламрави аёлат баъд аз соли 1950 дар пасттарин сатҳ аст. Барои ҳамин Ҷеррӣ Браун-раиси аёлат чунин маҳдудиятро эълон кард,

Барфи кунунӣ аз се як ҳисаи оби ин аёлатро ташкил медиҳад ва захираи об дар обанборҳои Калифорния бояд барои тамоми тобистон ва тирамоҳ кифоят кунад.

Браун дар нишасти хабарӣ гуфт, “Мо хушксолии таърихиро аз сар мегузаронем ва он тадбирҳои бесобиқаро мехоҳад”.

Моҳи январи соли 2014 Браун вазъи фавқулоддаи истифодаи обро эълон кард ва хост, ки аҳолии Калифорния 20 дарсад истифодаро камтар кунанд. Вале ин дархост иҷро нашуд.

XS
SM
MD
LG