Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ва Русия қарордоди газро имзо карданд


Киев бо Русия дар бораи харидории гази Русия барои се моҳи дигар қарордод имзо кард ва дар ин муддат барои ҳар ҳазор метри муккааб газ 248 доллар пардохт хоҳад кард.

Вазорати энержии Украина дар торнамои худ навиштааст, ки ин қарордод идомаи қарордоди зимистонаи байни Нафтогази Украина ва Газпроми Русия мебошад.

Дар имзои ин қарордод Иттиҳодияи Аврупо моҳи октябр миёнҷигарӣ мекард ва он 100 доллар арзонтар барои ҳар ҳазор метри муккааб аст, вале ҷониби Украина онро бояд пешпардохт кунад.

Дар изҳороте аз қавли Володимир Демчихин-вазири энержии Украина омадааст, имзои ин қарордод дар муқоиса бо муносиботи сиёсӣ “пирузӣ”-и иқтисодӣ ба шумор меравад.

Дар давраи раёсати ҷумҳурии Виктор Янукович нархи ҳар ҳазор метри муккааб хариди газ ба 285 доллар расида буд, вале баъд аз барканории вай аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ Русия барои ҳар ҳазор метри муккааб 485 доллар талаб кард ва исрор меварзид, ки Украина қарзи чанд миллион долларии худро барои газ пардохт намояд.

XS
SM
MD
LG