Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ниҳодҳои Дӯстов иваз шуданд


Саймиддин Дӯстов.

Саймиддин Дӯстов.

Шӯрои муҳаррирони нашрияи “Нигоҳ”, сомонаи “Тоҷнюс” ва ширкати ИНДЕМ дар ҷаласаи ахири худ масъулони нави нашрия, сомона ва ин ширкатро интихоб карданд. Фаридуни Раҳнавард, яке аз масълуони ҳафтаномаи "Нигоҳ" рӯзи 2 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи муҳаррирон, ки пас аз истеъфои Саймиддин Дӯстов баргузор гардид, масъули сомонаи “Тоҷнюс” рӯзноманигор Абдуазими Абдуваҳҳоб ва масъули ширкати ИНДЕМ рӯзноманигори шинохта Муҳибуллоҳи Қурбон интихоб карда шуданд. Фаридуни Раҳнавард гуфт, ки сардабири ҳафтаномаи “Нигоҳ” ба дӯши худи ӯ гузошта шуд.

Саймуддин Дӯстов – муассис сардабир ва масъули ҳафтаномаи “Нигоҳ” сомонаи Тоҷнюс ва созмони ИНДЕМ рӯзи 24-уми март бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз масъулияти худ истеъфо додааст, аммо сабабҳои онро шарҳ надод. Хабаргузории таҳти итоати ӯ аз оҷонсиҳои иттилоотии муваффақ ва нашрияи “Нигоҳ”-аш аз хонданитарин нашрияҳои кишвар дониста мешаванад.

Саймуддин Дӯстови 42-сола, зодаи ноҳияи Файзобод буда, соли 1997 донишгоҳи Челябински Русияро хатм кардааст. Ӯ дар оғози соли 2000-ум ба Тоҷикистон омад ва нахуст дар бахши таҳлилии ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба кор пардохта, дар интихоботи парлумонии соли 2005 аз ҳавзаи якмандатии Файзобод номзад ба мақоми вакилӣ шуд, аммо пирӯз нагардид. Баъдан, дар соли 2006 нашрияи “Нигоҳ” ва дар соли 2009 оҷонсии иттилоотии “Тоҷнюз”-ро ба забони тоҷикӣ ташкил карда, дар соли 2014 варианти русии ин хабаргузориро фаъол намуд.

XS
SM
MD
LG