Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши содирот дар Тоҷикистон


Бонки Миллии Тоҷикистон аз афзоиши мизони содироти мол дар тиҷорати хориҷии кишвар дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ хабар додааст. Масъулони дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 2 апрел зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тибқи маълумоти расмӣ, тамоюли афзоиши ҳаҷми содироти мол идома ёфта, дар моҳҳои январ-феврали соли равон ҳудуди 150 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, ин рақам дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15,1 миллион доллар ё 11,2 дар сад бештар аст. Аммо ба иттиллои ин манбаъ ҳаҷми воридот дар ин муддат ба 466 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 139,3 миллион доллар ё 23 дар сад коҳиш ёфтааст.

Афзоиши содироти мол ва ҳамин тавр коҳиши воридот дар ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳолест, ки муддати чанд соли ахир хабарҳо аз зиёд будани воридот мерасид. Иқтисоддонон низ бештар будани мизони воридот дар тиҷорати хориҷиро барои рушди иқтисоди кишвар омили хубе намедонанд.

Тибқи омори Бонки Миллӣ ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта 5, 3 миллиард долларро ташкил додааст, ки аз ин воридот 4, 3 миллард будааст. Аммо содироти мол дар ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2014 танҳо 977, 4 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба воридот ба маротиб камтар аст.

XS
SM
MD
LG