Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди ноил нашудан ба созиш дар рӯзи таъйиншуда, яъне 31-уми март музокирот дар бораи барномаҳои атомии Эрон дар шаҳри Лозанни Швейтсария идома ёфт. Дар ин музокирот масъалаи маҳдуд кардани фаъолиятҳои атомии Эрон дар ивази бардоштани таҳримоти дардноки иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Мувофиқат бар сари чаҳорчӯби умумии тавофуқнома роҳро барои имзои созиши ниҳоӣ то охири моҳи июн ҳамвор мекунад. Дар сурати ба даст омадани созиш, ҷанҷоли 12-сола бар сари барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон хотима меёбад. Кишварҳои ғарбӣ ва Исроил мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаоро рад мекунад. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, ҳамтои эронии ӯ рӯзи 1-уми апрел мулоқот карданд, зеро ба гуфтаи дипломатҳо пеш аз ҳаргуна эълон дар бораи музокирот кори зиёде боқӣ мондааст, ки бояд анҷом шавад. Аббос Арақчӣ, раиси ҳайати музокиракунандагони Эрон гуфт, ки баъзе аз “масъалаҳо” боқӣ мондааст. Аз ин пеш Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт “тарафҳо дар робита ба тамоми ҷанбаҳои созиши ниҳоӣ ба мувофиқа расидаанд.” Филип Ҳаммонд, вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, ки “масоили калидӣ” бояд ҳал шавад, вале дар маҷмӯъ ҳамдигарфаҳмии васеъ вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG