Пайвандҳои дастрасӣ

Муродалӣ Алимардон рӯзи 1 апрел бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз мақоми муовини нахуствазири Тоҷикистон озод ва бо қарори Шӯрои нозирони “Агроинвестбонк”, раиси ин бонк таъин шуд.

Рӯзи 1-уми апрел Муродалӣ Алимардон баъди барканориаш аз мақоми муовини нахуствазири Тоҷикистон, ба курсии раиси "Агроинвестбонк" нишаст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти "Агроинвестбонк" хабар доданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1 апрел бо як фармон Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистонро аз мақомаш барканор кард. Дар фармони раиси ҷумҳур, сабаби барканории оқои Алимардон аз ин симат, гузаштан ба кори дигар гуфта шуд.

Чанд соат баъд аз пахши фармони барканории оқои Алимардон аз симати муовини нахуствазир, Шӯрои нозирони “Агроинвестбонк” бо қарори худ ӯро раиси ин бонк таъин кард.То таъин шудани ӯ ба ин мақом, раҳбарии ин бонкро Суюнхон Рустамов ба ӯҳда дошт.

Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик, Муродалӣ Алимардонро аз раҳбарони муосире мехонад, ки муносибатҳои бозаргониро хуб медонад ва ҳачун раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, поягузори системи ҳозиразамони бонкдории кишвар маҳсуб мешавад. «Ӯ аз мансабдоронест, ки аз сатҳи поийн то ба мақоми раиси Бонки Миллӣ ва мақоми аз он болотар расидааст ва мавриди эътимоди бонкдорону сохторҳои молиявии ҷаҳон қарор дорад.»

Ба гуфтаи Баҳром Шарифов, ҳангоми таъини Муродалӣ Алимардон ба мақоми раиси «Агроинвестбонк», маҳз ҳамин таҷрибаи бонкдории ӯ ба инобат гирифта шудааст. Баҳром Шарифов меафзояд, ки «Агроинвестбонк» бонки саҳҳомист ва 52 дарсади саҳмияҳо ба давлат тааллуқ дорад ва ба иддаои ӯ, маҳз ба ҳамин хотир дар курсии раҳбарии ин бонк, «одами давлатӣ» нишаст.

Ба гуфтаи иқтисоддони тоҷик, сару садоҳо дар бораи ба мақоми раиси ин бонк таъин шудани Муродалӣ Алимардон дар доираи хурди мутахассисон ду моҳ боз чарх мезад. Ба гуфтаи Баҳром Шарифов, Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байнулмиллалии молиявӣ ба он пойфишорӣ доштанд, то ба мақомҳои калидӣ дар яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон, менеҷерҳои ҳозиразамон таъин карда шаванд ва ҳатто пешниҳод карда буданд, ки мутахассисе аз хориҷа ба мақоми раҳбари ин бонк таъин шавад. Мусоҳиби мо ҳадс мезанад, ки таъини Муродалӣ Алимардон дар мақоми раиси "Агроинвестбонк", бо Бонки ҷаҳонӣ ҳамоҳанг шудааст.

Муродалӣ Алимардон аз мӯҳраҳои калидӣ дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, гуфта мешавад дар тасмимгириҳои муҳими раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ ва сиёсӣ, таъсиррасон буд. То ҳадде раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ӯ бовар дошт, ки баъди моҷарои ғайримақсаднок истифода шудани маблағҳои Сандуқи байналмилалии пул дар замони раиси Бонки миллии Тоҷикистон будани Муродалӣ Алимардон, ӯ на танҳо муҷозот нашуд, балки то ба симати муовини нахуствазир боло бурда шуд.

Дар ин мақом ҳам Муродалӣ Алимардон барномаҳои муҳими давлатиро дар арсаи иқтисодӣ, кишоварзӣ ва сиёсӣ пеш мебурд ва ӯ тайи чанд соли ахир раҳбарии ҳайати Тоҷикистон дар гуфтугӯҳо бо Қирғизистон оид ба ҳалли муноқишаҳои марзиро ба ӯҳда дошт.

Ӯ ҳамчунин ба дунболи қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон дар авохири соли 2011, ҳайати баландпояи кишварро дар музокирот бо мақомоти Тошканд раҳбарӣ кард, ки ҳадафи аслии гуфтугӯҳо, масъалаи дубора фаъол намудани интиқоли газ ба Тоҷикистон буд.

Аз оқои Алимардон ба унвони яке аз сарватмандтарин давлатмардони тоҷик ҳам ном бурда мешавад, ки замини зиёди кишоварзӣ дар водии Ҳисор бо шумули молу чорво ва чарогоҳҳо дорад.

Собир Вазиров.

Собир Вазиров.

Коршиносони тоҷик аз оқои Алимардон ба унвони шахсе ёд мекунанд, ки тавонист дар солҳои раҳбариаш бар Бонки миллии Тоҷикистон, ислоҳоти ҷиддии пуливу молӣ анҷом диҳад. Собир Вазиров, коршиноси Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Тоҷикистон мегӯяд, Муродалӣ Алимардон дар рӯзҳое ба вазифаи раиси Бонки Миллӣ мансуб шуд, ки иқтисоди Тоҷикистон ба ислоҳоти пулию молӣ ниёз дошт ва тими ӯ бо шумули Шариф Раҳимзода ва Абдуҷаббор Ширинов, ки он солҳо дар Бонки миллӣ фаъолият доштанд, тавонистанд ислоҳоти ҷиддиро дар соҳаи пулию молӣ анҷом диҳанд.

Ба гуфтаи оқои Вазиров, дар пулҳои миллии Тоҷикистон имзои Алимардон ба ҳайси раиси Бонки Миллӣ ҷой дорад ва ӯ аз чеҳраҳои соҳаи молию иқтисодии Тоҷикистон мебошад, ки соҳиби мактаби хоси худ аст. Вай гуфт, Муродалӣ Алимардон дар соҳаи иқтисодию бонкдорӣ ва молии кишвар дорои таҷрибаи муҳим мебошад ва агар дар ин соҳаҳо ба вай масъулият дода шавад, метавонад фаъолият кунад ва он соҳаро рушд диҳад.

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба барканории Муродалӣ Алимардон гуфт, азбаски дар фармони президент сабаби барканории ӯ ба вазифаи дигар гузаштан гуфта шудааст, ин баёнгари он аст, ки ҷаноби Алимардон яке аз чеҳраҳои пуртаҷрибаи кишвар дар соҳаи молию иқтисодӣ буда, ҳатман ба вазифаи дигар дар ниҳодҳои иқтисодии кишвар мансуб хоҳад шуд.

Сайфуллоҳ Сафаров

Сайфуллоҳ Сафаров

Ҷаноби Сафаров афзуд, Муродалӣ Алимардон тайи чанд соли гузашта раиси Бонки миллӣ буд ва бо сиёсати пулӣ ошноии фаровон дорад ва дар муддате, ки ба ҳайси муовини нахуствазир кор мекард, бештар ба масоили иқтисодии кишвар машғул буд ва аз ин рӯ дар ҳар ниҳоди иқтисодию молӣ, ки баргузида шавад, он соҳаро рушд хоҳад дод.

Муродалӣ Алимардон соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 2007 исми хонаводагии худро аз шакли русии Алимардонов ба Алимардон табдил кард. Соли 1983 факултаи иқтисодии донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар намояндагии "Агробонк"-и Тоҷикистон дар Чиптура кор кардааст.

Соли 1991 мудири шӯъбаи "Агроинвестбанк"-и ноҳияи Ҳисор, аз охири соли 1993 – президенти бонки агросаноатии “Шарқ” ва аз декабри соли 1996 то январи соли 2008 раиси Бонки Миллӣ будааст. Аз 26 январи соли 2008 то имрӯз дар мақоми муовини нахуствазири Тоҷикистон кор мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG