Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти муштараки мақомоти тоҷику афғон


Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон дар як амалиёти мушатарак бо мақомоти интизомии Афғонистон дар вулусволии Аргуи вилояти Бадахшон, як лабараторияи хусусии истеҳсоли ҳероинро маҳв карданд. Хушнуд Раҳматулллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рӯзи 1 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи як амалиёти муштараки Оҷонсии мазкур бо мақомоти интизомии Афғонистон як лабараторияи истеҳсоли ҳероин маҳв карда шуд.

Вай гуфт, оид ба натиҷаи ин амалиёт полиси маводи мухадири Афғонистон ба оҷонсӣ ба таври хатти гузориши худро 31 март ирсол доштааст. Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, хабари лабаратория ва бо истеҳсоли ҳероин машғул будани сокини қаряи Озумгули вулусволии Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистонро кормандони Оҷонсӣ ба мақомоти вазорати корҳои дохилии Афғонистон пешниҳод намуда ва ҳамаи маълумотро дар ихтиёри онҳо гузаштанд.

Зимни ин амалиёт як сокини ин вулусволӣ, ки дар хонаи истиқоматиаш лабараторияи истеҳсоли ҳероинро ба роҳ андохта, аслан ба Покистон маводи мухаддир интиқол медодааст, боздошт шуда ва лабараторияи ӯ аз байн бурда шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, аз манзили вай 135 кило афюн ва 31 литр кислотаи хлориди аммоний, ёфт шудааст. Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон ин амалиётро намунаи хуби ҳамкориҳои муштараки ниҳодҳои қудратии ду кишвар дар амри мубориза бо маводи мухаддир арзёбӣ кард.

Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон яке аз манбаъҳои тавлиди маводи мухаддир дар чаҳон ба шумор меравад. Ин кишвар бо Тоҷикистон садҳо километр марзи муштарак дорад ва қочоқчиён аз ин масир талош мекунанд, ки маводи мухаддирро ба Русия ва дигар кишварҳои аврупоӣ интиқол бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG