Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ироқӣ ба маркази Тикрит расидаанд


Ҳукумати Ироқ гуфт, нерӯҳои кишвар баъди поксозии қисматҳои ҷанубӣ ва ғарбии шаҳри Тикрит аз ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба маркази ин шаҳр расидаанд. Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи 31-уми март гуфт, “нерӯҳои амниятӣ барои таҳти назорат даровардани тамоми шаҳр ҳаракат мекунанд.” Ҳайдар ал-Ибодӣ аз саҳми артиш, пулиси Ироқ, нерӯҳои ҳавоии ин кишвар ва Амрико ва ҳамингуна размандагони қабилаҳои шиаву суннӣ дар ҷанг ба зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Тикрит ситоиш кард. Ӯ дертар дар Твиттер дар бораи озод шудани Тикрит аз дасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" хабар дод, вале, бино ба гузоришҳо, ҷанг дар қисматҳои бузурги шаҳр идома дорад. Размандагони шиамазҳаб, ки ҳафтае пеш амалиёти поксозии шаҳрро қатъ карданд, ба майдонҳои набард баргаштаанд. Дар ҳамла ба зидди ҷангҷӯён дар шаҳри Тикрит, ки рӯзи 2-уми март шурӯъ шуд, теъдоди зиёди размандагони шиамазҳаби мавриди ҳимояти Эрон ширкат доштанд. Вале баъди талафоти зиёд дар ҷараёни ҷанг дар чанд ҳафтаи гузашта ва баҳсҳо дар дохили ҳукумати Ироқу мақомоти Амрико дар бораи нақши размандагони шиамазҳаб, амалиёт суст шуд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" шаҳри Тикрит, зодгоҳи Саддом Ҳусайн, диктатори собиқи Ироқро моҳи июни соли 2014 ишғол кард.

XS
SM
MD
LG