Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳастаии Эрон ҳамоно идома дорад


Қарор аст, 1-уми апрел музокирот дар бораи барномаҳои атомии Эрон дар шаҳри Лозанни Швейтсария идома кунад. Пештар аз ин вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон бар сари чаҳорчӯби тавофуқнома ба созиш расидаанд, вале дипломатҳои ғарбӣ ин гуфтаро рад карданд. Вазирони умури хориҷии 6 қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон баъди ба мувофиқа нарасидан дар замони таъйиншуда, яъне рӯзи 31-уми март, гуфтугӯҳоро қатъ карданд. Дар ин музокирот масъалаи маҳдуд кардани фаъолиятҳои атомии Эрон дар ивази бардоштани таҳримоти иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Дар сурати ҳосил шудани чаҳорчӯби умумии тавофуқнома роҳ барои имзои созиши ниҳоӣ то охири моҳи июн ҳамвор мешавад. Дар сурати ба даст омадани созиш, ҷанҷоли 12-сола бар сари барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон хотима меёбад. Кишварҳои ғарбӣ ва Исроил мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаоро рад мекунад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, субҳи рӯзи 1-уми апрел гуфт, ки вазирони хориҷӣ “дар умум сари тамоми масъалаҳо ба мувофиқа расиданд”, вале дипломатҳои амрикоии наздик ба музокироти атомӣ гуфтанд, ки хабари мувофиқа дар тамоми масъалаҳои калидӣ “ҳақиқат надорад.”

XS
SM
MD
LG