Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари раиси даврии САҲА ба Тоҷикистон


Ивитса Датич, вазири умури хориҷии Сербия.

Ивитса Датич, вазири умури хориҷии Сербия.

Имрӯз,1 апрел сафари Ивитса Дачич, муовини аввали раиси ҳукумат, вазири корҳои хориҷии Сербия ва ҳамзамон раиси амалкунандаи САҲА аз Тоҷикистон оғоз гардид. Тибқи иттилои масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ивитса Дачич, раиси амалкунандаи САҲА рӯзи гузаштаи 31 март вориди Душанбе шудааст. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Ивитса Дачич дар нимаи дуюми имрӯз бо мақомоти баландпояи ин кишвар, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ дидору гуфтугӯ мекунад. Густариши равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА ва ҳамчунин муносибот бо Сербия дар меҳвари дидору гуфтугӯҳои Ивитса Дачич бо мақомоти Тоҷикистон қарор хорҳанд гирифт. Сафари Ивитса Дачич, муовини аввали раиси ҳукумат, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия фардо, 2 апрел ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG